tojikcha sherho

tojikcha sherho

Эй писар, бар дӯстон хизмат кунӣ, миннат макун,
Душманатро ҳам миёни халқ беҳурмат макун.
Мӯрро ҳам заррае дониста озоре мадеҳ,
Як нафас ҳам аз сари худ дур ин ҳикмат макун.
Давлати беинтиҳо бошад ба одам сиҳҳатӣ,
Аз паи давлат матозу ҷамъу ғун давлат макун.
Гуфт устодам, ба толеъу саодат то расӣ,
Ҳеҷ бо ҳамсӯҳбати бад баъд аз ин сӯҳбат макун.
Эй сарат аз санг бодо сахттар дар зиндагӣ,
Бо дили нозук ту бар сангиндилӣ одат макун.
Рӯ магардон аз забони модарии ноби худ,
Носипосӣ ҳеҷ гаҳ бар халқу бар миллат макун 

***

Обрӯи аҳли дин аз хоки пои модар аст

Ҳарчи дорад ин ҷамоъат аз дуои модар аст !

Ончи дар васфи биҳишт фармуд Қуръони Карим

Соҳиби Қуръон бигуфто зери пои модар аст

* * *
Агар сад сол ҳам ҷӯӣ, маро дигар намеёбӣ,
Шабу рӯзон худо гӯӣ, маро дигар намеёбӣ.

Ба роҳи ман чу пойандози махмал ҳар саҳаргоҳе
Ба сони сабза ҳам рӯӣ, маро дигар намеёбӣ.

Ман он якроҳу якрӯ будаму бо роҳи худ рафтам,
Ту, ки садроҳу садрӯӣ, маро дигар намеёбӣ.

Сабукроӣ, сабукпоӣ, муҳаббатро намешоӣ,
На ҳам аҳли такопӯӣ, маро дигар намеёбӣ.

Саропо чашм ҳам бошӣ, маро дигар намебинӣ,
Агар сеҳриву ҷодуӣ, маро дигар намеёбӣ.

Ҳама доғе, ки дар оинаи дил дорам аз ишқат,
Агар бо ашк ҳам шӯӣ, маро дигар намеёбӣ.

Ба худ ҷӯшида мехушкам мисоли чашмаи куҳсор,
Агар дарёи Омуӣ, маро дигар намеёбӣ.

Биҳиштизода ҳам бошӣ, биҳиштатро биҳиштам ман,
Агар аз чархи минуӣ, маро дигар намеёбӣ.

***

МЕҲРУБОН АСТ

Ба души инсу ҷин бори гарон аст, Валекин одамӣ ғофил аз он аст.

Ту худ гуӣ, ки кӯр аст ӯ ва ё кар, 
Зи пушти нафси чун ҳайвон равон аст.

Ҷаҳон чун зулмате бошад саропо,
Ҳаёт як равшанӣ андар миён аст.

Ту худ гӯй, ки кӯре ё кар аст ӯ, 
Зи пушти нафси чун ҳайвон равон аст.

Ҷаҳон чун зулмат аз сар то ба охир, 
Ҳаёт як равшание дар миён аст.

Агарчӣ моли дунё они мо нест, 
Ту ҷоҳилро бубин, мағрури он аст.

Тасаввур мекунад худро мусалмон,
Мусулмонии ў андар даҳон аст.

Бубояд хонд Куръонро ҳамеша,
Ҳама қонуни Ҳақ дар он аён аст.

Касе, к-андар амал қоим набошад, Каломе гуфтанаш гуфти забон аст.

Аз он андоза гиру фикр бинмо,
Бароят кофиру мӯъмин аён аст.

Супорад хеш Фақрӣ бар Худованд,
Зи баски Ў Худои меҳрубон аст.

***

Прокрутить вверх